Омӯзиш боз ҳам осонтар шуд

Системаи таълимии фосилавӣ ва гирифтани шаҳодатномаҳо

ДОИМО ВА ДАР ҲАР ҶОЙ ОМӮЗЕД

FAROGIR платформаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Он барои донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони амалкунанда оид ба кори иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ дар тамоми ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Тавассути FAROGIR шумо метавонед ба осонӣ раванди таълимро ба муҳити онлайнӣ табдил диҳед, курсҳои коршиносони варзидаи ватанӣ ва байналмилалиро омӯзед, конфронсҳои онлайнӣ ташкил кунед ва табодули донишу таҷриба намоед.

Кори иҷтимоӣ

Маҳорати касбӣ

Соҳибкорӣ

Курсҳо барои ташк. ҷам.

Захираҳои COVID 19

Мактабҳо

ШУМО ЧИРО ЁД МЕГИРЕД?

Ба шарофати курсҳои мо, шумо имконият пайдо мекунед, ки дониши даркориатонро ройгону дастрас ба даст оред ва ба воситаи таҷрибаивазкунӣ шахсони ҳамфикрро дар ин соҳа пайдо кунед.

Дар хона ва дар ҷои кор омӯзед

Дигар интизори автобус шудан ё ба донишгоҳ рафтан лозим нест, зеро акнун шумо метавонед дар хона ва ё дар вақти холӣ дар ҷои кор таълим гиред.

Шаҳодатномаро гиред

Пас аз хатми ҳар як курс, мо ба шумо шаҳодатномаи мутобиқи курси гузаштаатонро медиҳем. Шаҳодатнома дар асоси миқдори холҳои тестҳо дода мешавад.

Дӯстон ва шиносҳои нав пайдо кунед

Дар тренингҳои гурӯҳӣ иштирок кунед, бо муаллим ва ҳамсинфон муошират намоед.

Ба касе пул додан лозим нест

Дониши худро ройгон такмил диҳед. Комилан ройгон!

Натиҷаҳо ва дастовардҳои нав

Бо гузашти ҳар курс, барои шумо имкониятҳои нав кушода мешаванд, то шумо роҳи дурустро пеш гиред.

Фурсати олӣ барои амалия

Машқ кунед ва ба мутахассисони соҳаи худ саволҳо диҳед.

СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲО ОИДИ ГУЗАШТАНИ КУРС

Пас аз хатми ҳар як курс, шумо имконият доред, ки аз донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар ва инчунин омӯзгорони бонуфузи портал шаҳодатнома гиред

Дар бораи курсҳои мо

Курсҳои Farogir.tj кафолат медиҳанд, ки шумо ба донишҳои навтарин дар соҳаи кори иҷтимоӣ ва барқарорсозии ҷомеа дастрасӣ доред. Ҳар як курс илҳомбахш ва пурмазмун мебошад, ки ба лекторон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва кормандони калон бо захираҳои муассир барои такмили ихтисос дар ҳар вақт, дар ҳар макон интихоби онҳоро фароҳам меорад.

ШАРИКОНИ МО

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва академияҳои таълимӣ барои таълим бо мо кор мекунанд

Copyright © 2024 All right reserved. Caritas Germany Tajikistan